9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-и деҳоти Ворух боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ оварданд.
Оби нӯшокӣ худҷореъ буда, аз деҳоти Ворух тавассути қубури қутраш 530-миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз қубури асосии оби нӯшокӣ ба масофаи як километр бо қубури қутраш 315-миллиметра ба тарафи чапи дарёи Исфара хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, ба ин ду маҳаллаи деҳоти Ворух дар ҳаҷми 300 метри мукааб об дар як соат интиқол дода мешавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух оғоз бахшида, аз намоиши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд






Дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи нави таҳсилоти миëнаи умумии рақами 74-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворух бинои нави Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворухро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух бинои Қасри фарҳангро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳамчунин Маркази хизматрасонии «Наврӯз»-ро мавриди истифода қарор доданд.















