Матни равон

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омодагии сокинон ва тамоми соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақша беш аз 10 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Панҷакент, инчунин корхонаҳо ва соҳибкорони шаҳр, аз ҷумла ҶДММ “Фаровон”, “Хубҷамъинвест”, “Таъминоти моҳӣ”, “Мурғи аълосифат” ва “Зуҳал” ба сокинони маркази шаҳр пешкаш карда шуд.

Дар миёни мардуми олам миллати ҷафокашидаи тоҷик низ истисно нест. Ин миллати пуртоқат ҳазор сол интизорӣ кашид, то наҷотбахше пайдо шаваду як хиёнати рӯҳониёни ҷоҳталаби асолатбохтаро, ки мардумро гумроҳ карда, аз мубориза бар зидди душманони беруна боздоштанд ва дарвозаҳоро ба рӯи аҷнабиён боз карданд, ҷуброн кунад… Баъд аз ҳазор сол бо вазидани насими истиқлол аввалин тундбоди ҷаҳолат низ ҳамроҳи ришу саллаи як зумра бемағзон вориди ҳаёти ин миллат гардид. Ҳаёте, ки талхиаш то ҳанӯз дар коми модарони фарзандгумкарда ва фарзандони ятиммонда барҷост. Як гурӯҳ гумроҳкунанда буданд, гурӯҳи дигар гумроҳшуда ва чун ҳамеша теъдоди ниҳоят каме вуҷуд дошт, ки роҳи дурусти баромадан аз зулмотро медонист. Ин теъдоди ками шахсиятҳои огоҳ низ ба раҳнамое ниёз доштанд, ки тавонад онҳоро дар наҷоти халқу давлат роҳбарӣ кунад. Ба бахти тоҷикон ин шахси наҷотбахш дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва ниҳоят миллат Пешвои ҳақиқии худро ёфт.

Пешвое, ки барои миллат сулҳу оромӣ ва бахту саодат овард. Воқеан, барои миллати тоҷик хушбахтии бузурге даст дод, ки дар шароити тақдирсоз ва вазъияте, ки ҳеҷ кас ба ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бовар надошт, фарзанди баномус ва ватандӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, дар дили халқ шӯълаи умедро дурахшон карданд. Маҳз аз даврае, ки мавсуф раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва бо ҷасорату эътимод ваъда доданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, халқи тоҷик дар симояшон Пешвои воқеии худро дид. Маҳз дар ҳамин давра бо роҳандозии дурусти сиёсати дохилӣ ва дипломатияи байналмилалӣ, аз як сӯ, мардумро ба ваҳдати миллӣ даъват намуданд ва аз сӯи дигар, ҷомеаи ҷаҳониро ба афзалиятҳои хотимаи ҳарчи зудтари ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои минтақа мутақоид сохтанд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар чунин шароити сангин аз буҳрони нон дида, буҳрони идеологӣ вазнинтар буд ва пас аз пошхӯрии ИҶШС ин буҳрон яке аз омилҳои асосии қаҳтиву бесарусомониҳо гардид. Чун фазои идеологӣ холӣ монд, ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки аксарашон аз берун идора мешуданд, бо мақсади аз байн бурдани давлатдории тоҷикон дар миёни мардум фитнаву тафриқа оғоз карда буданд. Гурӯҳе низоми коммунистиро таклифу тарғиб мекарду гурӯҳе низоми диниро аз ҳама муҳим мешумурд, гурӯҳи дигаре низомҳои демократиро.

Маълум аст, ки офати терроризм ва экстремизм на танҳо имрӯз, балки дар ҳама давру замонҳо ва ҷойҳое, ки он вуҷуд дорад, барои инсоният ва ҷомеа фоҷиаи бузург буд. Ин омилест, ки тақрибан ҳамаи минтақаҳои ноороми имрӯзаро бесубот кардааст. Гарчанде ки ба ин мафҳумҳо таърифҳои зиёд дода шудаанд, маънои аслии онҳо аз унсурҳои манфӣ иборат аст, аз қабили ба вуҷуд овардани нооромӣ ва бесуботӣ, тарсондан ва ба ҳарос овардани одамон, несту нобуд кардани онҳо ва тавассути зӯроварӣ ба даст овардани қудрат. Дар ҳоле, ки экстремизм ва терроризм ҳамчун ду унсуре ба назар гирифта мешаванд, ки ҳадафи муштарак доранд, экстремизм бештар ғоявӣ ва назариявӣ аст, дар ҳоле ки терроризм бештар бо амал мувофиқат мекунад. Ифротгароӣ дар ҳама динҳо, аз қабили буддоӣ, масеҳият ва ҷараёнҳои ғайрирасмӣ дар ислом низ дида мешавад.

Терроризм ҳамчун истилоҳи сиёсӣ шахсони алоҳида ва ташкилотҳоеро дар назар дорад, ки истифодаи воситаҳои гуногуни ҷиноиро барои фурӯши силоҳ, рушди тиҷорати маводи мухаддир, сарнагун кардани сохторҳои конститутсионӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои дигари зишт зарур мешуморанд.

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” Конференсияи 25-уми ғайринавбатии кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Пас аз тасдиқи ҳайати комиссияи мандатӣ, котибот ва ҳайати таҳририя вакилон рӯзномаи конференсияро иборат аз се масъала тасдиқ намуданд.

Вакилон пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии №6, “Сарбанд” ва ҳавзаи интихоботии №18, “Турсунзода”-ро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баррасӣ намуданд.

Дар толори Кохи фарҳанги «Истиќлол»-и шаҳри Гулистон маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баргузор гардид.

Доир ба ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳи Гулистон раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии аъзои ҲХДТ дар шаҳр ба 4430 нафар расидааст. Аз ин шумора 2122 нафар (48%) зан ва 1010 нафар (23 %) ҷавон мебошад. Дар давоми соли 2020 ба сафи ҳизб 157 нафар қабул гардиданд, аз онҳо 85 нафар зан (54,1 %) ва 76 нафар ҷавонон ( 48,4%) мебошанд.

Бо мақсади муайян кардан ва омӯзиши низоми дурусти ба қайдгирии аъзои ҳизб, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ дар 40 ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ муқоисакунии аъзои ҲХДТ гузаронида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:58
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2041
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3818
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17000
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5868
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9057119

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?