Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл”-ро ба истифода дода, бо имконияти корхонаи нави саноатӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд гардида, ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона машғул мебошад. Дар маҷмӯъ дар корхона 25 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи “Адл” 70 нафар сокини маҳаллӣ, асосан бонувон, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Дар марҳилаи дуюм ин нишондиҳанда ба 180 нафар расонида мешавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан»
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд






Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”, ”Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.
8 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан”-ро ифтитоҳ намуданд.
8 апрел дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” оғоз бахшиданд.
Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Чойхонаи «Чаманоро»-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.















