Муҳтарам омӯзгорон!
Хонандагони азиз!
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибихтиёр ва мардуми шарифи он дар остонаи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ - 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон қарор дорад. Имрӯз аз файзу баракати истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон тамоми муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғӯши маърифату маънавият мегирад. Давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Дар сиёсати давлат соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи илму маориф дар оянда ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.






Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб баргузор гардид. Ҷамъомадро сартабиби беморхонаи шаҳрӣ Гулсанам Пӯлодиён ифтитоҳ бахшид.
Имрӯз шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
3 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчукро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.














