Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати мо Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ карданд.
Дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд.






ФАРМОНИ
Баҳри иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон деҳаи Гулдара, ки шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки дар минтақаи хавфнок ҷойгир мебошад, тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ гардид.














