Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода директори молиявии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Ҷанг Ҷен Лиро ба ҳузур пазируфт. Аснои суҳбат ҷиҳати густариши робитаҳо қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар - ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидаааст ва барои расидан ба ин ҳадафи чоруми миллӣ бояд аз ҳамаи имконияти мавҷуда ва шароити мусоиди ҳудуди шаҳри саноатӣ истифода бурда шавад.
Дар ин замина, тазаккур дода шуд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 1,8 миллиард сомонӣ ва 64 номгӯи маҳсулот истеҳсол намуданд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 15,1 фоизро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ се корхонаи нави саноатӣ бо 165 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.






ФАРМОНИ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода собиқадори меҳнат Саодат Пўлотова ва собиқадори сохти конститутсионӣ Рамзия Давлатбаеваро аёдат карда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуданд.
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кори ноябрмоҳ бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳр, роҳбарони зерсохторҳо ва дигар масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гардид.














