22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-умро — асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро — дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба ятимону бепарасторон туҳфаҳо тақдим намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз боздид намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз санги асос гузоштанд






Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми августи соли 2020, № 102 “Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд.
Нимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.
Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.














