Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту ҳафт сол пур мешавад. Ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим дар даврони соҳибистиқлолияти кишвар мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Артиши Миллӣ ҳамчун нерӯи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.
Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.






20 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар толори ҷамоати шаҳраки Сирдарё вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15 Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзавии интихобот Абдусамад Кенҷаев ифтитоҳ намуд.














