Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳр Фирдавас Шарифзода машварати назди Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар машварат муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони дигари соҳаҳои хоҷагии халқ иштирок намуданд.
Машваратро Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ бахшида, бо таъиноти кадрӣ ҳозиринро шинос намуд. Тибқи амри Раиси шаҳри Гулистон Ғайратхоҷа Қобилов ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон таъин гардид.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.
АМРИ
Омӯзиши муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки сарбозони қисми низомӣ, кормандони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Гулистон ва идораи рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” баргузор гардид.














