Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд
28 май дар идомаи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.
Бинои мазкур дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар қомат афрохта, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Толори Кохи фарҳанг, ки дорои 510 ҷойи нишаст мебошад, бо истифода аз санъати қадима гаҷкорӣ шуда, ба таври хос ва диққатҷалбкунанда оро ёфтааст. Толори мазкур бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардида, дар он шароити хуб барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомад, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин шудааст.






28 май баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун мулоқот карданд.
28 май баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд.
Дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.















