Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода чанде аз сокинони барӯманди шаҳраки Сирдарёро аёдат намуд.
Дар шаҳрак дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода Лилия Улановаро аёдат кард. Мавсуф собиқадори меҳнат ва дорандаи ордени “Шараф” буда, ба синни мубораки 80 расидааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар соҳаи гелогияи тоҷик дар вазифаи сардори лабораторияи кимиёвии Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум фаъолият бурдааст.






Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳр мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ доир гардид.
Ҷиҳати татбиқи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз сокинони шаҳри Гулистонро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард.
Дар шаҳри Гулистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳ барои 250 нафар бо маром идома дорад.
Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди корҳои сохтмонӣ ва амалишавии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум” аз наздик шинос шуд.














