14 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо роҳбари давлати дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки мо барои барқароршавии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили таъмини амнияти тамоми минтақа ҳавасманд мебошем.
Ҳамкории зич ва пайвастаи ниҳодҳои қудратию амниятии Тоҷикистону Афғонистон дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумурда шуд.






15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
“Ваҳдати миллӣ – таҳкимбахши саодати халқ!” - Ин унвони ҳамоиши илмӣ-адабӣ буд, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар омӯзгорон дар шаҳри Гулистон доир шуд.
7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи «Куруши Кабир»-ро ифтитоҳ карданд.














