Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёди «Зардолузор»-и шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода таҷлили Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
Дастпарварони муассисаҳои томактабии «Парасту», «Офтобак», «Суғдиён» ва «Ситора» дар намоишгоҳҳои идона намунаи ҳунарҳои дастони пурэъҷози худро гузошта, бо рақсу сурудҳои дилнишин ва саҳначаҳои ҷолибу ҷаззоб ба таҷлили худ ҳусну шаҳомати хосса бахшида, шодиву сурури даврони истиқлолияти давлатӣ намуданд. Махсусан, саҳначаҳои ҷолиби дастпарварони кӯдакистони «Офтобак» «Роғун месозем», намоишномаи «Ватанам Тоҷикистон»-и боғчаи «Ситора», саҳначаи ҷолиби «Хӯрокпазӣ»-и дастпарварони кӯдакистони «Суғдиён» ва намоишномаи дастпараврони боғчаи «Парасту» ба ҳозирин хеле писанд омада, ба ҳунару санъати онҳо сокинон кафкӯбиҳои пурмавҷ намуданд.






Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар байни кормандони касбу кори гуногун мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубориза бар зидди коррупсия – вазифаи аҳли ҷомеа” баргузор гардид.
29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.














