Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳраки Консой аксияи унвони “Дирафши мост-ҳизби халқ” доир гардид.
Дар қисми ифтитоҳии аксия раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба ғояи ваҳдати миллӣ, таҳкиму густариши арзишҳои умумимиллӣ сухан ронда, сокинони шаҳракро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош намуд.
Дар аксияи «Дирафши мост ҳизби халқ», намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” зиёда аз 150 варақаи табрикотиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ тақсим намуданд. Ҳамчунин, дар ташкилоти ибтидоии ҶМТКММ “Апрелевка” озмуни “Шиори беҳтарини ҳизб” баргузор карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид
- Шоми дӯстӣ ба ифтихори иштирокчиёни Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд






16 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.
15.06.2019, шаҳри Душанбе
Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот карданд.














