
Дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон Фестивал-озмуни шаҳрии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.
Бо мақсади тақвияти муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотаҳо ва ба васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросими анъанавии арӯсбарон, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ 41 нафар гулдухтарони гулистонӣ дар фестивал-озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, маҳорати парвариши намунаи зебоӣ ва аломати муҳими бонувонро бо завқи хоса намоиш доданд.
Фестивал аз рӯи 3 бахш ҷараён гирифт. Дар бахши аввал ороиш ва мӯйбофии қадим Фарзона Иброҳимова, Фарангис Ҳомидова ва Осенот Маллаева, дар бахши дуввум ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ дар асоси ривоятҳои халқӣ ва асарҳои классикӣ бо истифода аз фалак, шашмақом, бадеҳахонӣ Дилрабо Кучакшоева, Ситора Аминҷонова, Азиза Музаффарова, дар бахши саввум фарогири ороиш ва мӯйбофии замони муосир, ороиши мӯй ба тарзи замонавӣ бо либосҳои хоси миллии замонавӣ Алямира Музафарова, Фирӯза Иномҷонова ва Замира Бадриева сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.






5 феврали соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони беш аз 25 васоити ахбори омма иштирок намуданд.














