Тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон «Дар бораи муқаррар намудани Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр» дар МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ” озмуни шаҳрӣ баргузор гардид.
Дар озмун 45 нафар хонандагони синфҳои 8-11 аз 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуда, аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ дониши хонандагон бо гузаронидани санҷишҳои хаттӣ аз фанҳои забони модарӣ, алгебра, забони русӣ, забони англисӣ ва асосҳои информатика - тариқи тест, навиштани диктант ва иншои хурд (эссе) санҷида шуд.
Комиссияи озмун 25 нафар беҳтаринҳоро, ки аз 31 хол то 63 хол гирифтаанд, муайян намуда барои гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон пешниҳод карда шуд.






Бо ибтикори кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолзанони ҳизбӣ, собиқадорон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши бонувони ҳизбӣ дар даврони истиқлолият доир гардид. Мизи мудавварро раиси кумиҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Сипас мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҳизб Фирӯзахон Раҳимӣ доир ба нақши бонувони ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафу ғояҳои созандаи ҲХДТ ҳарф зад.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд озмунҳои варзишии "Шоҳмот" ва "Шашка" байни бонувони омӯзгори 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил ва гузаронида шуд.














