Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» соли 2018 78,3 ҳазор тонна консентрати сурб ва 166,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол намуд, ки дар маҷмӯъ 245,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур калонтарин корхонаи саноатии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи он соли сипаригардида 2 миллиарду 814 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, маълумоти мазкур зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» Вен Ю Дао баён гардид.






Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои қаламрави шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-ифодагари орзуву ормонҳои сокинони кишвар» ба роҳ монда шуд.
Дар шаҳри Гулистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.














