13 декабр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» бахшида ба 400-солагии ин суханвар ифтитоҳ гардид. Дар оғози конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм қироат намуд.
Дар зер матни пурраи Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорони конференсияҳои илмии байналмиладлӣба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ пешниҳоди хонандагон менамоем.






Дар толори театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти и.в.Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯёни гулистоние, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд таълим мегиранд, баргузор гардид.
Нимаи дуюми рӯзи 12 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.
ФАРМОНИ















