Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ба толор даровардани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистонро бо иди касбиашон - Рўзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.






Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон Валиев Доруш дар озмуни вилоятии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иштирок намуда, соҳиби мақоми дуюм гардид.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Имрӯз 05.11.2024 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 04.11.2024 дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Сарбози ватанро истиқбол мегирем!" дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Маматалиев Суҳроб, Қазакбаев Исмоил ва Эргашев Дилшод, ки қарзи шаҳрвандӣ, хизмат дар сафи Артиши миллиро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруду шодмонӣ истиқбол гирифта шуд.














