Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми январи соли 2025, таҳти рақами 709, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31-уми январи соли 2025, № 33, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 12-уми марти соли 2025, №57 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» санаи 13.05.2025 даври шаҳрии озмуни оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, устодони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», мудири шуъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону хонандагон бо шукуҳи хосса дар Кохи "Истиқлол" иштирок намуданд.
Муслимахон Ҷамолиён муовини Раиси шаҳр зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо сарпарастӣ ва ташаббусҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, густариши маърифати китобдӯстию китобхонӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон дар самти илмомӯзӣ ва фарҳангу адаб равона гардидааст.






Санаи 14-уми майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол”-и маркази шаҳр дар асоси фармоиши Раёсати фарҳанги вилоят таҳти №34 ва фармоиши бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таҳти рақами №15 даври шаҳрии озмуни вилоятии “Шукуфаҳои Истиқлол” бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, директори китобхонаи вилояти бачагона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Муродзода Муаззам, собиқадори соҳаи китобдорӣ Усмонова Мақсуда, сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиётҳо Бобоҷонова Биорифа, сардори шуъбаи хизматрасонии синни томактабӣ Турсунова Саодатхон, мудири шуъбаи маориф Каримӣ Дилрабо байни 10 нафар тарбиятгирандагони гурӯҳи тайёрӣ ба мактабии кӯдакистонҳои шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Имрӯз, 15.05.2025 дар толори кохи фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, дар доираи моҳвораи ҷавонон ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолӣ давлати ва амнияти миллӣ" конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат ва дигар кохонаву муассисаҳо баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намуда истодаанд.
Санаи 14.05.2025 дар тарабхонаи осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон Рӯзи оила бо иштироки оилаҳои намунавӣ бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.













