Бегоҳии рӯзи 17-уми май дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии шоми ҷавонӣ таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" бо иштироки ҷавонони муассисаи таълимии рақами 8 доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, раиси шаҳраки Сирдарё Охунова Мушаррафа ва директори муассисаи таълимии рақами 8 - Нурова Адолат иштирок намуданд.
Зимни оғози барномаи мазкур номаи табрикотии раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов манзури тамошобинон гардонида шуд.






Дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон дар доираи сафари корӣ Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода 2 нафар собиқадорони меҳнат - Закрияева Зебо Ибрагимовна собиқадори соҳаи фарҳанг ва Панченко Раисия Никитична собиқадори соҳаи маорифро аёдат намуд. Собиқадорон солҳои зиёд дар соҳаҳои зикршуда фаъолияти пурсамари меҳнатӣ намудаанд.
Санаи 17.05.2025 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр ҳашари дастаҷамъии тозагӣ баргузор гардид.
Санаи 16.05.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ҳузур оварда бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фаъолияти мактаби мусиқӣ ва ҷараёни корҳои кашидани хати нави оби нӯшокӣ дар шаҳрак шинос шуд.
15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо оилаҳои барӯманду намунавӣ - оилаи Мамадҷоновҳоро дидор кард ва онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд.














