Машарипова Зулайхо - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон нафаре мебошад, ки дар таърихи муассиса аввалин медалро аз даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон ба хазинаи дастовардҳои муассиса ворид намуд. Машарипова Зулайхо дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни забони руст соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ масъулини ҷамоати шаҳрак, ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассиса ғолиби Олимпиадаро бо шукуҳ истиқбол гирифтанд.
Директори муассиса Абдумалик Расулов ғолиб ва омӯзгори роҳнамои ӯро бо ба даст овардани ин натиҷаи бузург барои муассиса самимона муборак бод гуфта, онҳоро бо ифтихорномаи муассиса қадрдонӣ намуд.






Имрӯз, 21.04.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр шинос гардид.
Маҳваш Бойматова – хонандаи синфи 8-и муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1-и шаҳри Гулистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни забон ва адабиёти рус иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Санаи 18 апрели соли 2025 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор шуд ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2025 баррасӣ гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №967 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025" ва қарори раиси шаҳри Гулистон, баҳри иҷрои сифатноки нақшаи даъват дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуд.













