Имрӯз, 17.04.2025 тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 10.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Илму маърифат сарчашмаи саодати инсон” дар партави эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур ҳайати гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ – Абдуазиз Бобоев устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Зулфинисо Раҷабова устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Мамурахон Самадова корманди рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ва Фаридуншоҳ Абдуллоев намояндаи МИҲД-и шаҳр иштиррок ва суханронӣ намуданд.






Санаи 16.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои семоҳаи аввали рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Санаи 15.04.2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои МИҲД шаҳри Гулистон дар толори МТМУ №6 Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо ҷалби ҷавонон ва волидайни онҳо дар мавзуи “Пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Санаи 14 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд.
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардида, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, беҳтарин кадбонуҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуданд.














