Дар Боғи фароғатӣ-фарҳангии «24-солагии Истиқлолият» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаҳои иттифоқи касабаи корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо бо иштироки сокинони маркази шаҳр ва шаҳракҳо чорабинии идона ба муносибати Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон доир намуданд.
Ба пешқадамони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар вазъи тантанавӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳо супорида шуданд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ба ҳозирин барномаи рангини консертӣ манзур намуданд.






Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» озмуни шаҳрии «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид. Дар озмун аз рўи шартҳои муаррифинома бо намоиши саҳначаи оилавӣ, савияи дониши сиёсӣ, омодасозии панҷ намуди таоми миллӣ, намоиши маҳорати эҷодӣ ва сару либоси кориву идона сурат гирифта, дар он 8 нафар намояндагони ҷамаоти шаҳракҳо ва муассисаву корхонаҳо ширкат варзиданд. Намояндаи КВД осоишгоҳи «Шифо» Шаҳноза Тоҷихолова бо гирифтани 122 хол сазоври ҷойи якум ва роҳхат ба озмуни вилоятӣ гардид.
Дастаи ҳозирҷавобони навраси адрасмонӣ – «Истиқлол» ба озмуни ҷумҳуриявии телевизионии кўдакону наврасони «Баҳористон» роҳхат гирифт. ҷоиз ба зикр аст, ки дастаи мазкур дар озмуни вилоятӣ пирўзӣ ба даст оварда, нисбат ба дастаҳои дигари шаҳру навоҳии вилоят бартарӣ нишон дода, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ гардиданд.















