Матни равон

Қарори Раиси шаҳри Гулистон таҳти №85, аз 29-уми марти соли 2016 дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2016 ба имзо расид.

Тибқи ин қарор шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Ҳайати комиссияи даъвати баҳорона таъсис дода шудааст. Комиссариати ҳарбии шаҳр вазифадор карда мешавад, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, даъвати шаҳрвандонро таъмин намояд.

Бо ҳадафи тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, густариши истифодаи атласу шоҳӣ, санъати алочабофӣ, сӯзанию  адрасбофӣ ва ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Фестивали шаҳрии “Либосҳои миллӣ” дар моҳи апрели соли равон қарори навбатии Раиси шаҳр аз 4-уми марти соли 2016, таҳти №76 ба тасвиб расид.

Кумитаи тадорукот, низомнома ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Фестивал  шуъбаю бахшҳои масъул ва Ҷамоати шаҳракҳо тибқи қарори мазкур муваззаф гардидаанд.

Тавре маълум аст, ҳеҷ соҳаи хоҷагии халқи олам наметавонад бидуни саноат рушд намояд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба ин самт ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба шумор рафта, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муассир дорад. Яке аз корхонаҳои калонтарини саноатӣ, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо ноил гардидан ба дастоварду нишондиҳандаҳои рӯзафзун шӯҳратёр гардидааст, ин ҶМ ТКММ “Апрелевка” мебошад.

28-уми марти соли равон дар доираи таҷлили чорабиниҳои Наврӯзи ҷаҳонафрӯз 20-умин солгарди таъсисёбии коргоҳ ҷашн гирифта шуд. Қабл аз оғози ҳамоиш Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва меҳмонон дар даромадгоҳи бинои маъмурии коргоҳ парда аз рӯи лавҳаи рамзии “Маъдани кони “Апрелевка” ба муносибати 20-солагии ҶМ ТКММ “Апрелевка” гузошта шудааст бардоштанд.

Сокинони шаҳраки Адрасмон тантанаҳои наврӯзиро дар варзишгоҳи марказӣ доир намуданд. Қабл аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи варзишгоҳ намоиши дастранҷи ҳунарҳои бадеӣ – халқии мардум, таомҳои миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин, ки ифодагари оинҳои наврӯзӣ буданд, доир карда шуд.

Раиси Ҷамоати шаҳрак Сафар Нурматов ба тантана ҳусни ифтитоҳ бахшида, сокинон ва меҳмононро ба иди фархундаи Наврӯз табрику муборакбод намуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Илҳом Мадализода аз номи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода мардуми шаҳраки Адрасмонро таҳният намуд.

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд» №29 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи шаҳрҳо ва ноҳияи зерини вилояти Суғд:

шаҳри  Қайроққум ба шаҳри Гулистон

шаҳри  Чкалов ба шаҳри Бӯстон

ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 204

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3279
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4288
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12704
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:25528
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8925590

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?