Қарори навбатии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таҳти №250, аз 30 сентябри соли 2015 «Дар бораи барои даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1888-1997 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои октябр-ноябри соли 2015» ба тасвиб расид. Мувофиқи қарори мазкур дар ҳудуди шаҳр шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синнашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда хоҳанд шуд.