Чоруқдаррон. Омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ доири тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рўз то рўз вусъати тоза мегирад. Рўйхати 1950 нафар раъйдиҳандагон тартиб дода шудааст. Тибқи талабот ва меъёри баргузории Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, гўшаи раъйдиҳанда ва қуттӣ барои бюллетенҳо омода аст.
-Бо ҳадафи зарурияти тағйиру иловаҳоро ба аҳолӣ аз моҳият ва муҳтавои ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки тақозои замон аст фаҳмонидан гурўҳҳои корӣ дар ҳафт маҳаллаҳои шаҳрак тадбирҳои мушаххасро пайи роҳандозианд, - аснои суҳбат иброз дошт, раиси комиссияи участакаи раъйпурсии №18 Қўшназар Самадов.






2-юми май дар толори варзишии Маркази солимгардонии кўдакону наврасони ба номи Абдураҳмони Ҷомии ҶДММ “Шоҳин” вохўрии рафиқонаи дастаҳои “Сипар”-и Соҳибкорбанк ва “Кўҳкан”-и Зарнисор дар доираи чорабиниҳои идона ба истиқболи 9-уми май доир гашт.














