Тибқи нақша – чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила ва шуъбаи Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ифтихори сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун-мусобиқаи «Адрасбофи беҳтарин» дар Маркази таълимӣ истеҳсолии «Сирдарё» гузаронида шуд.
Ҳадафи чорабинӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, вусъати фарҳанги либосдўзии аҷдодӣ ва дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ буд.






Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина бунёди иншооту коргоҳҳои истеҳсолӣ дар ҶМ ТКММ «Апрелевка» боз қадаме ба пеш гузошта шуд.















