Аз 1 то 31 август бо ҳадафи тадбиқи дастури Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сабқати «Нури маърифат» барои дастгирии хонандагони нодор гузаронида шуд. Дар сабқат вакилон, соҳибкорон, фаъолони ҲХДТ, сарварони ташкилоту корхонаҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Ба 275 нафар эҳтиёҷмандон сарулибоси мактабӣ ва лавозимоти хониш супорида шуд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Матлубахон Амонзода ва Бахтиёр Маҷидов аз беҳтарин саховатмандони сабқат буданд.






24-уми август дар Кохи Истиқлол машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ва намояндаи Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев доир гардид.















