31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон гулдухтарони тоҷик чун анъана нону намак ва дастагул пешкаш намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуданд
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҶДММ «Ситора саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд






Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.
31 март мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд, баргузор гардид.
31 март Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
30 март дар доираи тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ «Тоҷпанел»-ро ифтитоҳ намуданд.















