Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рўзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - модарони азиз, дар ҷомеаи мо мебошад. Ҳамаи шуморо дар ин рӯзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буда, нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯ мебошад. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
Дар ин росто, ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст.
Бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории конфренсия бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар – сарчашмаи ҳаёт”
- ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК! - сокини шаҳри Гулистон дар даври вилоятии Озмуни "Кадбонуи беҳтарин" мақоми аввалро сазовор гардид
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуданд






Имрӯз, 06.03.2025, дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар–фариштатар зи тамоми фариштаҳост” бо иштироки ҷавонони коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Имрӯз, 05.03.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр тибқи нақшаи Шурои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар, устоди аввалини ман” баргузор гардид.
Имрӯз, 05.03.2025 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории прокуратураи шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ” ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин бо иштироки сокинони шарак баргузор гардид.
Имрӯз, 5-уми марти соли 2025 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, ки яке аз ҷамоати шаҳраки дурдаст ба ҳисоб меравад бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.













