30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот намуданд.
Мулоқоти Сарвари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби давлату ҳукуматро бозгӯ мекунад.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро ба ятимон таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби зиндагии онҳо пайваста чораҳои муассир меандешад.






29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситора саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд.
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, вохӯрии сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ҳамдиёрони арҷманд!















