31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадри тантанаҳои наврӯзӣ муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба маҷмааи қалъаи Хуҷанд ташриф оварда, бо иншооти муҳташами фарҳангӣ ва намоиши маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, қирғиз ва узбек шинос шуданд.
Дар даромадгоҳи қалъа меҳмононро гурӯҳи кӯдакон бо намоиши бозиҳои гуногуни варзишӣ, ки хоси ҷашни Наврӯз мебошад, истиқбол гирифтанд.
Баробари расидани сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба қалъа гурӯҳи карнайнавозон ва дойразанон аз болои растаҳои ҳунармандӣ меҳмононро пешвоз гирифта, фазои дилкушои наврӯзӣ фароҳам намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
- Маросими имзои санад байни Тоҷикистону Қирғизистон ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд






Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баргузор гардид.
31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.
31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.















