Бо ибтикори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар маркази шаҳр хиёбони «Меҳри Модар» бунёд мегардад. Ҳудуди боғ 5 ҳазор метри мураббаъ буда дар он тибқи лоиҳа фаввораҳои ранга, шаршара, саҳна барои чорабинӣ ва нуқтаҳои фурӯши яхмосу нӯшобаҳои ташнашикан сохта мешаванд.
Сохтмони гулгашти фароғатиро ҶДММ «Ариана-Л» ва «МБИС (Мо барои иншоот сохтан)» ба зимма доранд.






Норасоии йод дар намак боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар натиҷаи норасоии йод пайдоиши бемориҳои паст рафтани сатҳи тафаккур, бачапартоӣ, тавлиди кӯдаки мурда, камақлӣ ва амсоли инҳо аз эҳтимол дур нест.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр марбут ба сиёсати иҷтимоӣ сол то сол ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода барои таъмиру таҷдиди шуъбаи сироятӣ ва амрози занонаи сохтори госпиталӣ аз буҷаи маҳаллӣ 232 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.















