Қайроққумшаҳр дар таърихи давлати тоҷикон шаҳри ҷадид ва тозабунёдест, ки он тавассути дӯстиву рафоқати миллату халқиятҳои гуногун дар соҳили дарёи Сир қомат афрохтааст. Қайроққум аз ҷумлаи нахустшаҳри барқии Тоҷикистон буда, ба хонадони мардуми ориёнаҷодаш олами нуру рӯшанӣ эҳдо кардааст. Шаҳрест, ки бо гузашти қарнҳои зиёд, бо паси сар кардани пайроҳаҳои пурпечутоби таърихӣ, бо фарҳанги қайроққумии саршор аз меҳру муҳаббат ба асолати хеш то ба имрӯз вирди забони ҷаҳониён мебошад. Донишманди бузурги халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби оламшумули хеш «Тоҷикон» чунин овардааст:
«Дар соҳили рости Сирдарё, самти шарқии Ленинобод дар маҳалли биёбонии Қайроққум даҳҳо маскани давраи тараққӣ ва охирин марҳилаҳои аҳди биринҷӣ, дарёфт ва таҳқиқ шудааст. Қайроққумиҳо асосан машғули чорводорӣ буданд. Ба таври фаровон мавҷуд будани ховангу (ӯхурҷа), ос (осиё), ки барои ярма ва орд кардани ғалла хизмат мекарданд, аз ривоҷ доштани зироат гувоҳӣ медиҳанд…






Дар толори Кохи Истиқлол дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шарафи санаи 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯистеъмоли маводи нашъаовар барномаи консертикунонидашуда баргузор гардид.
Инак, ҳаҷдаҳ баҳори пурбаракат аст, ки мардуми тоҷик рӯзи ба вуқуъ пайвастани рӯйдоди бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро ҳамчун иди умумихалқӣ ҷашн мегирад. Рӯзест, ки дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рухдоди бузургеро ба вуҷуд овард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардуми тоҷик гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гузошт. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода хуб гуфтаанд:














