Матни равон

«Саломат бошед!»,                  №17, 8.10.соли 2015

Сипосномаи директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Қайроққум Норӣ Қаҳҳорова ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои дастгирии 100 нафар омӯзгорон, ки дар осоишгоҳи «Зумрад» ройгон истироҳат намудаанд, чоп гардидааст.

Корвон дар Адрасмон

Дар МТМУ № 7-и шаҳраки Адрасмон семинарии навбатии 90-уми Корвони маънавиёт баргузор гардид. Дар раванди семинар чор соат дарси кушоду намунавӣ аз ҷониби омӯзгорон Нилуфар Мурзалиева, Насиба Абдуҷабборова, Райҳона Ҳамзалимова, Тӯйчиқул Усмонов ба вуқӯъ пайваст.

Сарвари «Корвон» Акбаралӣ Усмоналиев дар мавзӯи «Тарбияю таълим масъулияти ҳамагон аст» суҳбати мизи мудаввар доир намуда, дар саҳифаи «Имкон» дар мавзӯи «Барои фардои дурахшон китоб бояд хона» Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзмуҳамади Иброҳим баромад намуд.

Натиҷаҳо хуб, онро боз афзун мебоядва ё қайдҳо аз маҷлиси фаъолони шаҳр

13 октябри соли 2015 маҷлиси фаъолони шаҳри Қайроққум доир баҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣбаргузор гардид.

Дар ҷаласа мудирони шӯъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони хоҷагиҳои коммуналӣ ва ҳамаи дигар шахсони масъули даъватшуда ширкат доштанд.

Натиҷа бардорӣ аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2015 ва вазифаҳо барои семоҳаи чаҳорум масъалаи асосии ин ҷаласа буд.

ИНЪИКОСИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИИ ҚАЙРОҚҚУМ ДАР ВАО«РӮЗНОМАИ БИНОКОРОН»

Дар шумораи навбатии «Рӯзномаи бинокорон», № 10, аз 28.09. соли 2015, ки нашрияи сартосарии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, аз навгониҳои соҳаи бинокории кишвар гузоришу мусоҳиба, очерку лавҳаҳо ба чоп мерасонад таҳти унвонии «Қайроққум : оғози кори чанд иншооти нав дар як рӯз» матолиби хабарнигор Ҷовиди Аштӣ ба чоп расидааст. Муаллиф бо истифода аз аксҳои иншоотҳои нав, ширкати бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода корҳои бомароми созандагиву бунёдкории дар шаҳри Қайроққум анҷомёфтаро воқеъбинона ва таъсирбахш ба қалам додааст.

Аксия дар беморхонаДар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр дар мавзӯи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» вохӯрӣ бо кормандон гузаронида шуд. Муовини раиси ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр Болтуев Зоҳир дар баромади худ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба зидди коррупсия» амал мекунад. Барои амали намудани Қонуни мазкури тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд.

Амалҳои коррупсионӣ ниҳоят хатарнок буда, барои роҳ надодан ба чунин кирдорҳо мо бояд, чораҳои амалӣ андешем. Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҶМТКММ «Апрелевка» низ гузаронида шуд. Муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Исломов Зафар дар минтақаи «Апрелевка»и деҳаи Қароҷингил оиди масъалаи мазкур ва дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ, ҳодисаҳои нангинӣ аз тарафи Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммасслакони ӯ моҳи сентябр ба вуқӯъ пайваста баромад намуд. Инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сафаров Рустам дар минтақаи «Бургунда»-и ҳамин корхона оиди масъалаҳои мазкур баромад намуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:910
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3132
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14327
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29997
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91586
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9651268

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?