Ҷиҳати таъмини тозагӣ дар доираи ҳамовозию амалисозии қарори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода аз 5 январи соли 2015, №2 «Дар бораи эълон намудани рӯзи санитарӣ» ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту корхонаҳо, Ҷамоати шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва кулли шаҳрвандон рӯзи шанбе-10 октябр ба ҳашар баромада Маркази шаҳр, минтақаи фароғатӣ ва шаҳракҳоро аз партовҳо тозаю озода намуданд.






Дар Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, мудири шӯъбаи кор бо бонувони КИ ҲХДТ Саёҳат Бадалова ва мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муслимахон Исоқова вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.
Ҳар ки раҳ паймуд, ба манзил мерасад…















