Бо ибтикори Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба фаъолият оғоз намудани «Бозори марказӣ» боиси қаноатмандии шаҳрвандону меҳмонон аст. Дар ин маркази савдо молҳои ниёзи мардум фаровон буда, эҳтиёҷоти ҳар як харидорро бо нархҳои дастрас қонеъ мегардонад.
-Баҳри ободиву зебогӣ, тоза нигоҳдории муҳити бозор ва сатҳи хуби хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад – аснои сӯҳбат иброз дошт, директори «Бозори марказӣ» Аваз Бобоназаров.






Имрӯз, 25 июн дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.














