Имрӯз, 15 июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи фавқулодаи зидди эпидемиологӣ оид ба натиҷабардории омодагии нуқтаҳои савдо, бозор ба мавсими тобистон дар минтақаҳои фароғатӣ, соҳили обанбор, осоишгоҳҳо ва урдугоҳҳои кӯдакон доир шуд. Ҷаласа таҳти сарварии муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов гузашт.
Дар равиши ҷамъомад сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ Шаҳноза Наҷмиддинова ва сардухтури идораи байторӣ Абдувосит Олимов роҷеъ ба вазъи кунунии нуқтаҳои савдо, хӯрокаи умум ва минтақаҳои истироҳатӣ, нисбати иҷрои нақшаи дастаҷамъона мубориза бар зидди бемории ҳорӣ маълумот доданд.






11 июни соли равон иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» ба шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» ташриф оварданд.
Дар доираи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати «Соли 2015-Соли идомаи роҳҳои обод» бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода сохтмони пули мошингузар ки бараш 7 метр дарозиаш 12 метр дар шаҳраки Консой оғоз ёфт.














