Матни равон

Дар зиндагӣ ашхоси ношукру носипос ва даюсу манҳус ҳам ёфт мешаванд, ки нисбати Ватан-модар, миллат ва халқи худ бо ғарази сиёсӣ нигариста, дар бадномкунии зодбуми нону намак додаашон ба чанд “доллар”-и ҳангомасозони ғарбӣ ва исломситезони хунхор гоҳ-гоҳ садо баланд мекунанд. Ба ин қабил афроди беномус як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” шомиланд.

Дар урфият мегӯянд: қаламфур сонитар месӯзонад. Акнун ки Паймони аҳдшикани эшон низ бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди террористӣ—экстремистӣ дохил карда шуд, роҳбарони он мисли саги девона худро ба чор тараф зада, ҳаё-ҳӯй доранд, ки ҳар ки муқобили ҳукумати конститутсионӣ аст, дар Тоҷикистон онро ба гурӯҳи ҷинояткор медароранд. Худ қазоват кунед, ин “бечораҳо”-ро, як номаи аъмоли онҳоро бардоред, ки дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба сари мардум ба ҷуз хунрезиву ҳамҳамаву балову офат онҳо чӣ оварданд? Чӣ кори хайре барои осоиштагӣ ва сулҳу субот  ба анҷом расониданд? Ҳамон як думбраро ба даст гирифта бо як оҳангу вазну садо дар бораи “демократия” ҷор мезананд. Ин рафторашон на танҳо дар дохили кишвари соҳибистиқлоламон, балки берун аз он ҳам сахт маҳкум карда мешавад. Аз ҷумла, дар Туркия ва давлати Миср.

Сулҳу субот, амнияту оромӣ, ормонҳои миллӣ - саодати рӯзгори инсони солимақл аст. Инсоният дар ҳама давру замон дар орзуи сулҳ аст то ба мақсадҳои наҷибаш шарафёб гардад. Зеро муҳаббат ба Ватан аз рукни имондорӣ аст. Мутаассифона, дар замони муосир як хатари бузурги сатҳи байналмилалӣ терроризм ва экстремизм доман паҳн мекунад. Ин гурӯҳҳои тахрибкору ифротгаро мехоҳанд ба тафаккури ҷавонону наврасон ақидаҳои нодурусти номатлубро ҷой намоянд, ба ақидаву иғвоҳои беасосу бебунёд дар ҷомеа таҳлукаву бадбиниҳоро роҳандозӣ намоянд. Бештар бо роҳи фиребу найранг ва дахолати душманони дохиливу хориҷӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ фардҳои ноогоҳ ва ҷавонони зудбовари аз олами маърифату ахлоқ бехабарро ба гурӯҳҳои худ шомил менамоянд.

Дар ин замина, маблағҳои зарурӣ аз тарафи ғарбиёни «демократияхоҳ» ҷудо карда мешаванд, ки ба ин манбаи даромади муфт бо ном «оппозитсия»-ҳо, мисли пашшаи ба ширинӣ часпанда, ҷамъ омада, дур аз Ватану ҳамдиёрон бо умеди он ки ин амалашон пӯшида мемонад,  ба  буҳтону туҳматҳои гӯшношунид доир ба зиндагии сахту гарон, набудани демократия дар он ва дигар афсонаҳоро бофта  ба он маблағҳо соҳиб мешаванд.

Зикр бояд кард, ки чи дар Аврупо ва Амрико махсус барои олуда сохтани афкори мардуми собиқ иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ махсус нақшаҳо тарҳрезӣ шуда, барои ноором ва «демократиякунонӣ»-и онҳо маблағҳои зиёд аз буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд. Ин нооромиву демократиясозиро  мо дар мисоли Сурияву Ироқ, Украинаву мамолики Африқо дида истодаем.

Имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки кабириву косалесон ва ҳаммаслаҳои ватангадояшон аз ҳисоби чӣ ва бо кадом маблағ дар Аврупои «афсонавӣ»,  ки ҳаро қадамаш маблаги ҳангуфтро талаб мекунад, кору фаъолияти тахрибкоронаи худро пеш мебаранд. Магар ин афроди рӯсиёҳ дар ягон идора кор мекунанд, ки бо он маош зиндагӣ карда тавонанд? Фаъолияташонро пеш баранд. Албатта, не! Шояд онҳо ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ кор кунанд? Аз куҷо?!

Пас ин қадар солҳо «паймонқимобон» бок адом маблағ дар як давлати аврупоӣ умр ба сар мебаранд.

Дар ин ҷо иқтисоддони калон ва ё бузург шудан  даркор нест. Ҳисобу китоби бозораки ҳам мешавад. Як қаҳва дар ошхонаҳои аврупоӣ на кам аз 4-5 доллар арзиш дорад. Пас ин ватангадоҳо косаи нафсашонро чи хел пур мекунанд?

Як ба рӯзҳои сахти солҳои навадум назар кунем, ҳамааш аён мешавад. Кабирӣ ва назҳатиҳо магар мисли халқи оддӣ азоб кашиданд. Аз набудани чароғу ёфтани қути лоямут барои аҳли оила. Не, эшон бо маблағҳои муфти хоҷагони пулдорашон аз Эрону мамолики ғарб рӯзҳои биҳиштии худро паси сар карданд. Чун диданд, ки дар сахтиҳо бо мардум будан наметавонаннд, даст ба яғмову кушторҳо заданд.

Ҳамин ки диданд, вақти пурсиши амалу кирдорҳояшон шуд, зуд фирор карда, ба бағали гарми хоҷагони пулу молдорашон шитофтанд. Мисли арӯсакони сабукпои ҳарбома рафтанд.

Мутаассифона, чанд ҷавонӣ гумроҳу бадзодро низ онҳо тӯъмаи нафси худ карда, акнун эшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет  ақидаи бардурӯг ва идеологияи зиддидавлатии наҳзатӣ ва зидди фарҳанги тоҷикиро рангу тобиши “динӣ” дода, барои фиреби чашми мардум, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, раванди ҷанги иттилоотӣ ва шустушӯи мағзиро, тақвият бахшидаанд.

Ин ҳангомасозони интернетии кабирӣ мубаллиғони ғояҳои ифротии салафия ва афкору ақидаи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” буда, дар ин номусфурушиашон даҳҳо ҷавони тоҷикро ба дастаҳои хунхори Абубакри Бағдодӣ дар ивази беномусии худ ва маблағхои муайян фурӯхтаанд. Таҳлилҳои коршиносон далолат мекунанд, ки дигар шарафи инсонӣ, имон ва нангу номуси миллӣ дар пайкараву тафаккури ифротии ин муздурон ва лӯъбатакони беватан боқӣ намондааст. Ин хоин дар сангари душманӣ алайҳи миллат ва давлати худ қарор гирифта, чун репраққосаҳои бешарму ҳаё барои бадном кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зердолонҳои САҲА ҳузур пайдо намуда, ин саҳнаро барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғу беасос ва  буҳтон нисбат ба Тоҷикистон  истифода мебаранд.

Он мебинанд, албатта, ки мебинанд диёре, ки хуни нофашон рехтааст, ободу хуррам, тинҷу осуда гардидааст, аз бухсу кина ва адовати сириштиашон дигар асло ором шуда наметавонанд. Ҳар гуна «паймон» монанд ташкилотҳо эҷод мекунанд. Имрӯз, ки Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро хеле қавӣ гардонидааст ва ниҳодҳои байналмилалӣ Тоҷикистони  соҳибистиқлолро ба кулли эътироф мекунанд ва ба пешниҳодҳои давлати мо бо ҷиддият муносибат мекунанд, кабиризм пӯсташро иваз карда, боз ба бофтани ривояту афсонаҳои нав оғоз мекунад. Аҷибаш ин ки ин сару садоҳои баланд мешудаи ин афрод дар марҳилаи омодагӣ ба ин ё он чорабиниҳои сиёсӣ тобишҳои нав ба нав пайдо мекунад.

Бисту ҳашт сол инҷониб ин кӯрнамакҳо коре ба манфиати миллату давлати соҳибистиқлол накарда, боз бо муттаҳамӣ ба қавле “дузд қозиро муттаҳам кардааст” амал мекунанд. Аммо намедонанд, ки...

Мардуми ватанпарвару заҳматкаши тоҷик ин ҳама найрангҳоро медонанд ва сурати аслии душманони хешро шинохтааст. Дар ин росто, талошҳои нооромсозии ҷомеа, оростани ҳар гуна анҷуманҳои васвасаандоз ба амну осоиши давлати рӯ ба рушду камол расидаи мо ҳеҷ таъсире нахоҳанд гузошт. Танҳо мо бояд зиракии сиёсиро аз даст набояд диҳем.

Бинобар ин, мо мардуми бофарҳангро зарур аст, ки сулҳу суботро чун гавҳараки чашм муҳофиз бошем. Нагузорем, нохалафе, нопоке, дасисабозе, номарду ҳасуде дар доми фиребу найрангҳои гурӯҳҳои иртиҷоию ифротгароӣ бо тафаккури бегонаву заҳролудаш ба амнияти кишвар ва осудагии мардум рахна ва халал ворид намояд. Бояд ҷавонони фаъолу масъул ҳамчун пайравони Пешвои муаззами миллат ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва эҷоду эъҷозҳои нав дар рушди рӯзафзуни Тоҷикистони азиз нақши калидӣ дошта бошанд.

Меҳрдоди Раҳим,

сокини шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1237
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3021
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13623
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20472
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63835
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85391
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2330107

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?