08 Сентябр 2023
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ, ки орзуву ормони ҳазорон фарзандони ҷонфидои он буд марҳилаи нави ташаккулро оғоз намуд. Вале мутаассифона ба гирдоби кашмакашҳои дохилӣ бо дастандаркории шахсону гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу берунӣ кашида шуд. Хушбахтона хиради азалии миллати тоҷик ба зулму торикӣ пирӯз гардид ва бо ба роҳбарии кишвар омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу пайкорҳои фидокоронаашон халқи тоҷик сарҷамъ гардида, ба кашмакашҳои дохилӣ нуқта гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи воқеаҳои мудҳиши низоъҳои дохилӣ чунин зикр намудаанд, ки: “Воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо як имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу ояндаи худ сабақҳои фаромӯшнашуданӣ гирифтем”.
Дар ҳақиқат таҷрибаи талхи сипаригардида барои мардуми мо сабақҳои фаромӯшнашуданӣ дод. Насли он замон, ки чунин рӯзҳои мудҳишро паси сар намудаанд ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки дигар чунин рӯзҳоро бубинанд. Бинобар ин хуб дарк мекунанд, ки Истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ бузургтарин неъмат барои ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.
Миллатҳо ва халқҳои зиёде ҳастанд, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо талош карда, дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд, вале муваффақ нашудаанд. Имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое ҳастем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва миливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ва бақои таърихии худ медонанд.
Дар мавриди аҳамияти истиқлол Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамадуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад”.
Имрӯз халқи тоҷик шукрона аз сулҳу ваҳдату озодиву соҳибистиқлолӣ мекунанд. Маҳз, соҳибистиқлолӣ буд, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Сиёсати “дарҳои кушод” ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаи худро касб намуд.
Бо назари иҷмолӣ ба таърихи ташаккули кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба назар мерасад, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин, болоравии ҳувият ва худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандории мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои мо замина гузошт, ки соҳиби Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ гардидем, ки ин ҳама арзишҳои муқаддаси даврони истиқлолият буда, рамзи тантанаи давлатдории миллии мо мебошанд.
Дар марҳилаи кунунӣ омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Шоистаи ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” роҳандозӣ гардиданд, ки заминаи воқеӣ фароҳам меоваранд барои омӯзиши таърихи гузаштаи халқи худ, фарогирии дониши мукаммал, омӯзиши илму техникаи муосир ва ниҳоят муваффақ шудани ҷавонони имрӯз. Бешубҳа гуфта метавон, ки пайгирони озмунҳои мазкур дар оянда ритми давлатдории миллии моро бар даст мегиранд ва барои боз ҳам ободтару хуррамтар намудани он талош меварзанд.
Масъалаи муҳимтарин, ки имрӯз назди ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин аст, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Лозим ба таъкид аст, ки дар вазъи пурпечутоби ҷаҳони имрӯз ҳамаи давлатҳо дар пайи ҳифзу нигаҳдошти амнияту истиқлоли давлатии худ ҳастанд. Ҳар кишваре, ки мардуми он дар ин роҳ бетарафӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир мекунад, ҷойи тардид нест,ки соҳибистиқлолии худро аз даст хоҳанд дод. Имрӯзҳо хоинони миллати тоҷик, ки чашми бино ба сӯйи дастовардҳои кишвар надоранд, вале ба камбудиҳои ҷузъӣ ба масали “аз пашша фил сохтан” одат кардаанд бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба тинҷиву амонии кишвари мо латма зананд. Вале мо набояд фаромӯш созем, ки ҳарчанд, ки истиқлоли кишвари мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиямон ҷон фидо кардаанд, шодоб мегарданд. Ин ба он далолат мекунад, ки дар натиҷаи ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, кӯшишу меҳнати дастҷамъонаи садоқатмандона ба Ватан мо метавонем соҳибистиқлолӣ ва якпорчагии кишварро ҳифз намуда онро боз ҳам ободтар созем.
Пас аз рӯзҳои башумор мардуми саодатманди кишвари мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса 32-юмин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд. Ба ибораи Сарвари муаззами кишвар: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар кишвар чӣ қадар иншооти соҳаҳои гуногун мавриди ифтитоҳ қарор гирифта истодааст. Ҳамчуни, дар қаламрави кишвар ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-соалгии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Ин тадбирҳои андешида шуда ва корҳои ободониву созандагӣ гувоҳи онанд, ки таҷлили рӯзи ба Истиқлол расидани мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки кӯшишу заҳмати сокинони кишвар барои тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ аст.
Дар фарҷом бо нуктаҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон хулоса кард, ки: “Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастовариди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст”.
Ҷашни фархундаи миллӣ – 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборак бод!
Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон