21 Сентябр 2024
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад, ки имсол мо 1166-солагии ин шахсияти барҷастаро таҷлил менамоем.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки дар рӯзи 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рӯзи Рӯдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кӯҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил ва арҷгузорӣ мегардад.
Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофат ва ба воситаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ асри нуҳ – “асри тиллои”-и адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди Сомонӣ устод Рӯдакӣ шуҳраи офоқ гардид. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ ҷаҳониёнро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, донишандӯзӣ, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат менамояд.
Имрӯз мо – ворисон бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст.
Аз ин рӯ, агар мо воқеан худро ворису меросхӯрони мардони бузурги миллат, аз қабили устод Рӯдакӣ ва дигар абармардони халқамон шуморем, андеша, амал ва зиндагии худро бояд арзанда ва мувофиқи номи неки гузаштагонамон созгор намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихормандӣ дар бобати хидмати беғаразона, ватанпарастона ва ҷоннисоронаи устод Рудакӣ чунин фармудаанд: «Модари тоҷик устод Рӯдакӣ, султони сухани мулки Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро бо забони ширину гуворо ва нармиву покии тоҷикона ба гӯши наслҳои нав ба нав мехонд ва аз боду борон ва газанди рӯзгорон ҳифз менамуд ва барои наслҳои оянда, аз ҷумла барои мову шумо, чун мероси падар ба ворисон ба ёдгор гузоштааст».
Устод Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти муосири тоҷик ба шеъри Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс чунин баҳо додааст: “Ба фаҳми фақир, шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳат ва балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад. Ҳамин аст дараҷаи болои шеър”.
Зиёда аз даҳ қарн аст, ки аҳли суханварони тоҷику форс устоди каломи бадеъ Рӯдакиро бо камоли эҳтиром ва ифтихормандӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, ки таҷассумгари зебоии ҳаёт ва омӯзгори панду ҳикмат мебошад, бо меҳри беандоза ёд мекунанд. То ҷаҳон боқист, шеъри Рӯдакӣ дар замири инсонҳои маърифатдӯст маҳфуз хоҳад монд.
Бо самимият ҳамагонро бо Рӯзи устод Рӯдакӣ муборакбод намуда, тандурустиву рӯзгори босаодат ва барори кор орзумандам.
Бигузор, дар ҳар иқдоми хайри мо рӯҳи Рӯдакии бузургвор ёру мададгор ва кохи шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ то абад бегазанд бошад!