15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Маркази ташхису табобатии “Аксон” дар бинои сеошёна дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис шудааст.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраи машваратии пеш аз бистарикунонӣ, толори ҷарроҳии эндовидеоӣ, толори ҷарроҳии лазерии рагҳои хунгарди пой, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ҳуҷраҳои бистарӣ бо 72 кат мавҷуд мебошанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд
- Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид






15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, нахуст бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.















