Соҳибкорони гиромӣ!
Ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад, кулли соҳибкорони шаҳрро табрику таҳният гуфта, бароятон муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллиро мунтазам амалӣ намуда, имрузҳо натиҷаҳои назаррас дода истодааст.
Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, чор маротиба, аз ҷумла соли 2022 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мораторий эълон гардид.






Санаи 12.10.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо ҷавонони 16-17 солаи муассисаҳои таълимии №5, 7 ва 13 Ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 12.10.2023 дар доираи суҳбату вохӯриҳо дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2022-2026” 4 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва чангакашак аёдат карда шуданд.
Санаи 12.10.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи бо ҷавонони 16-17 солаи МТМУ №12 деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 10.10.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” вохӯрӣ таҳти унвони “Хурофоту бегонапарастиро маҳкум менамоем” ва вусъати даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён баргузор карда шуд.















