Матни равон

Санаи 09.10.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва  шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”  бо иштироки фаъолон баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулситон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 6 октябри соли 2023, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси федератсияи иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок намуданд.

Санаи 05.10.2023 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи иди касбии омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии ботантана оғоз гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон табрикоти раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ба самъи иштирокчиён расонид.

Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад.

Санаи 04.10.2023 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Мавқеи забони давлатӣ дар ташаккули ғояи миллӣ” бо иштироки вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаҳо, фаъолони ҳизб, собиқадорон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор карда шуд.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар кори конференсия Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳри Гулистон, Мухтор Толибзода мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Муслимахон Ҷамолиён раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Исмоил Саидов омӯзгори МТМУ №14-и маркази шаҳр ва Дилрабо Сатторова омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

دوشنبه، 07.10.2023 /”خاور”/. بر اساس توافق صورت گرفته، از 3 اکتبر تا 7 اکتبر سال 2023، در شهر باتکن، استان باتکن جمهوری قرقیزستان نشست نوبتیی کارگروه های توپوگرافی و گروه های کاری در امور مسائل حقوقی هیئت های دولتی جمهوری تاجیکستان و جمهوری قرقیزستان در مورد تحدید و تعیین مرزهای دولتی تاجیکستان و قرقیزستان برگزار شد.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3339
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11725
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89098
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10159580

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?