14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад. Дар осорхона нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро фаро мегиранд.
Дар осорхона гӯшаҳое, чун “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” ва дигар бахшҳо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби “Тоҷикон” бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадимӣ, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки дар китоби “Тоҷикон” бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд, ҷой дода шудаанд.






14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд.
Санаи 13.11.2023, дар толори кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 31-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон дар мавзуҳои “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш” ва “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” конференсия баргузор гардид.
Санаи 09.11.2023 дар толори тарабхонаи "Манижа" Рӯзи кормандони милитсия бо иштироки собиқадорон ва кормандони соҳа бошукӯҳ таҷлил карда шуд.















