Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” санаи 16.11. 2023 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Адолат Раҳмонова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии «Аксон»-и ҶДММ «Наргиз»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми «Арча»-ро ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода доданд






16 ноябр дар маркази шаҳри Гулистон роҳпаймоии ҷавонону хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохторҳои иҷтимоиву ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор дорам!" ва "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат" баргузор шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар иштирок намуданд.
Санаи 15.11.2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистондар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!” ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
















