30 августи соли 2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Истиқлолият-сарвати бебаҳои миллат”бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон меҳмононро хайрамақдам намуда, ҳадафи баргузории ҳамоишро ироа намуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Шиносоӣ бо омодагии муассисаҳои таълимии маркази шаҳраки Адрасмон ба соли нави хониш ва зимистонгузаронӣ
- Ҷаласаи Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид
- Мақоми дуюм дар озмуни вилоятии Беҳтарин муассисаи давлатии таълимии томактабӣ






Омӯзгорону хонандагони азиз!
Санаи 28.08.2023 дар кӯчаи Дӯстии халқҳои маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ оид ба ҷалби сокинон барои кор дар Неругоҳи барқӣ-обии Роғун, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии терроризму экстремизм баргузор гардид.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.
Санаи 25.08.2023 тибқи нақшаи кории мақомти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва нақшаи кории Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №7-и маркази шаҳраки Адрасмон бо омӯзгорони муассиса вохӯрӣ доир ба тақвияти корҳои таълиму тарбия дар соли нави хониш, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо баргузор гардид.












