Имрӯз, 15.09.2023 дар толори мактаби санъати шаҳр дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр конфренсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Шаҳри ман – ифтихори ман” бахшида ба таҷлили 60-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Гулистон бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Дар конфренсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова оид ба таърих, ташаккул ва бунёди шаҳр, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, Пешвои муаззами миллат дар Гулистон ва шаҳри ман – ифтихори ман суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) таърихи куҳан дорад. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки дар охири ҳазорсолаи III ва дар аввали ҳазорсолаи II то милод, дар соҳили рости дарёи Сир, дар тарафи ғарбии Хуҷанди ҳозира, дар нимбиёбони Қайроққум қабилаҳои зиёде зиндагӣ мекарданд.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Имрӯз, 09.09.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ ба муносибати 32-юмин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Санаи 07.09.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Санаи 08.09.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозои қисми ҳарбии 07746-и маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд.












