Матни равон

Имрӯз, 04.09.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки бахшида ба 32-солагии истиқлоли давлатӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 21 июни соли 2023, “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ”, рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 29.08.2023, №183 “Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули Обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2024” ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз, 02.09.2023 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.

Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.

Дар шанбегии имрӯза аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонау муассиса ва хиёбону гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.

В ночь с 29 на 30 августа с.г. трое членов международной террористической организации с целью совершения террористического акта на территории Республики Таджикистан в преддверии Дня государственной Независимости, незаконно пересекли линию таджикско-афганской границы на охраняемом участке, прилегающем к селению Кеврон дарвазского направления. Об этом передает НИАТ «Ховар» со ссылкой на Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан.

Данный факт своевременно был выявлен органами ГКНБ и специальная антитеррористическая группа прибыла на место незаконного пересечения границы.

ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба таври ғайриқонунӣ вайрон намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Далели мазкур саривақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

Субҳи имрӯз, 01.09.2023 дар Муасисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр Рӯзи дониш бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ ба садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи иштирокдорон расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  зимни суханронии худ донишҷӯёну устодонро бо фарорасии Рӯзи дониш муборакбод намуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3819
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12205
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89578
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10160060

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?